Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

"Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)". Дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ семинари илмӣ-амалӣ доир шуд

13.05.2024



Дар доираи амалӣ сохтани "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)",ҳафтаи равон дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ доир шуд. 

Ҳадафи асосии ташкили чунин семинарҳо баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии олимони ҷавон ва мубодилаи таҷриба миёни муҳаққиқони ботаҷрибаи Агентӣ мебошад, ки баҳри тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ равон карда шудааст.

Семинари мазкур бо иштироки як қатор кормандону олимони ҷавони Агентӣ баргузор гардида, дар доираи онмудири шӯъбаи назорати шуъохӯрии касбӣ, тиббӣ ва аҳолӣ МанижаЗоитова дар мавзӯи “Мониторинги радионуклидии обҳои кули Искандаркӯл ва атрофи он” дар назди ҳозирин бо маърӯза баромад намуд. Зимни баромад номбурда изҳор дошт, ки дар рафти мониторинги мавзеъи сайёҳии кули Искандаркӯл аз ҳамаи обҳои чашмаҳо ва рудҳои атрофи он барои таҳлил намунаи об гирифта шуд. Натиҷаҳои таҳлили гузаронидашуда нишон доданд, ки дар ягон намунаҳои гирифташуда аз миқдори радионуклидҳои таббиӣ дар меъёриҳои бехатарии радиатсионӣ муқарар карда шуда, ҳаҷми радионуклидҳо зиёд нестанд ва аз нуқтаи назари бехатарии радиатсионӣ безар мебошанд.

Қайд кардан зарур аст, ки давоми бист соли охир ҷиҳати таъмини бехатарии радиатсионӣ аз ҷониби кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар қаламрави ҷумҳурӣ мунтазам мониторинги радиатсионӣ гузаронида мешавад.